
Дастури зиндагии мусулмонон дар 365 рӯз
“Аз соли 1973 Тақвими Фазилат, ки бо интихоби маълумотҳои муҳим аз асарҳои мӯътабар нашр мешавад, пас аз ташхиси ҳайати илмӣ ба хонандагон пешкаш мегардад.
Ҳадафи мо ин аст, ки мусулмонон тавонанд ибодатҳои худро аз қабили намоз ва рӯза дар вақти лозимӣ иҷро намоянд ва иттилооти муфид ба даст оранд, то онҳоро аз хатарҳое, ки ҳаёти ҷовидонаи онҳоро барбод медиҳад, муҳофизат кунад.
Бо истифода аз метод ва принсипҳое, ки олимон ва астрономҳои исломӣ дар тӯли асрҳо истифода мебаранд, вақтҳои намозро ҳисоб карда, кӯшиш дорем, ки бо портфолиои (намунаи корҳои) худ хидмати муҳимеро ба ҷаҳониён пешкаш намоем. Аз соли 2025 сар карда, мо намозҳоро дар 8000 шаҳри 210 кишвари ҷаҳон бо истифода аз иншооти технологии имрӯза бо ҳассосият дақиқ ҳисоб мекунем.
Тақвими мо, ки солҳост деворҳои миллионҳо хонаҳоро оро медиҳад, бо имконоти мухталиф ба хидмати шумо пешниҳод карда мешавад, то шумо бештар манфиат гиред. Мо бо тақвими деворӣ, тақвим дар шакли китоб ва дар ниҳоят замимаи мобилии худ ба шароити имрӯза мутобиқат барпо менамоем.
Тақвими Фазилат, ки бо истифода аз осори уламои аҳли суннат таҳия шудааст, ҳамчун дастури ҳаёт барои миллионҳо мусулмонони ҷаҳон хизмат карда истодааст.”